БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ омили рушди маънавиёти ҷомеа мебошад!

ДӮСТӢ. Бо  мақсади аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа дар деҳаи Ҷангалпарвари ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, дар байни занону духтарони деҳот намоишӣ  касбу ҳунарҳои мардумӣ,  эҳёи анъанаҳои неки ниёгнон бо мақсади пешгирии сокинон аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгирӣ аз амалҳои зишту номатлуби ҷомеа, таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона ва ҷалби ҷавондухтарон ба корҳои хонагӣ ва аз ҳҳамин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву  камбизоатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани ҷавондухтарон дар Донишгоҳу данишкадаҳои олии кишвар, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад арзёби карда шуд.  

Дар рафти баргузории вохурӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода  Ҳуснигул иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон оид ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ намуд.

Баъдан аз ҷониби  занону духтарони деҳот намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанӣ, дарздӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва инчунин, таъомҳои миллӣ пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки мардуми ӯзбектабор дар баробари ҳунарҳои мардумии худ аз ӯҳдаи пухтани таъомҳои миллии тоҷикӣ низ хуб мебароянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg