БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ нишонае аз фарҳангу асолати миллӣ мебошанд!

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Чормағзаки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон, дар доираи Аксияи ҳизбӣ ва эълон гардидани Соли робита бо маҳал чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Оби шифо-1» ташкил ва баргузор гардид. Ташкилоти ибтидоии «Оби шифо-1» дар шашмоҳаи якуми соли равон тавассути баргузории вохӯрӣ ва бо интихоби бештари аҳолии деҳаи «Оби шифо-1» ташкил гардида буд.

Мардуми деҳа ва хурду калони он аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадима, аз баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи маҳал хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медиҳанд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба марази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg