БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандӣ бахше аз оини зиндагии шоиста аст

ФАРХОР. Аз таърих маълум аст, ки тоҷикон мардуми меҳнатдӯст, ҳунарманду санъаткор ва бофарҳанганд. Онҳо барои зиндагии шоиста дар тӯли таърих пайваста талош варзида, дар мушкилтарин шароит ҳам ҳунару касбҳои фоидаовари зиёдеро мутобиқи тамоюли табиӣ ва истеъдоду лаёқат аз худ карда, онҳоро аз насл ба насл интиқол додаанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо барорбари эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои ҳифзи меъроси моддии ниёгон дар асоси дастури мақомоти болоии ҳизб роҳу усулҳои амалисозӣ ва тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар ин самт кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия самаранок фаъолият намуда, тибқи чадвали тасдиқшуда, ин навбат дар маҳаллаи №8-и ҷамоати шаҳрак, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муборак» мутаҳид намудааст, намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир намуданд.

Дар ин чорабинӣ ҳунармандони маҳалла маҳсули дасти худро, аз қабилӣ гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чодару чакандӯзиро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ масъулони Кумитаи иҷроия Раҳмонов Далер ва Раҳимова Маъмурбӣ дар назди ҳозирин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg