БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди иқтисодиёти кишвар аз фаъолияти босамари бонкҳо сарчашма мегирад

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузори хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар филиали «Амонатбонк»-и  ноҳия  дар  мавзӯъи  ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи беҳтаргардонии хизматрасониҳои бонкӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд .  

Дар рафти хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок карда,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  беҳтаргардонии хизматрасонии бонкӣ андешаронӣ намуд.

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид кормандони филиали Амонатбонки ноҳияи Темурмалик Неъматзода Даврон ва Зоиров Фарҳод вобаста ба масъалаҳое, ки дар хониши сиёсӣ баён гардиданд суханронӣ намуданд.

Машғулияти сиёсӣ ба кормандони  филиали «Амонатбонк»-и  ноҳияи Темурмалик  таассуроти нек бахшид.    

                                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg