Ҷ.БАЛХӢ. Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди маҳал чорабиниҳои фарҳангии ҷолибро баргузор намуда истодааст.
Бо ин мақсад бо иштироки сокинони маҳаллаи Болшевики ҷамоати деҳоти Узуни ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.
Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Пешвои миллат, яъне эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие бахшид барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам овард.