БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Каъбаи умеди мо халқ асту бас!

ПАНҶ. Бо ибтикори масъулони Кумитаи иҷроия бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ИБОЗ”-и  идораи оби ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!”, ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳия шудааст, гузаронида шуд.

Дар кори хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон  ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ИБОЗ” Гурезов Сангмаҳмад  иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Нахуст, Файзиев Каримҷон қайд дошт, ки китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!” дар асоси вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар самти сафарбар намудани қувваи халқ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ таҳия гардида, дар худ 14 мавзӯъҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯза оид ба амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро дар бар мегирад. Мавсуф ибзор дошт, ки  бо тадбиқи самтҳои мазкур  дар амалӣ гардидани Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу  оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд, бо такя ба нерӯи созандаи халқ муваффақ  мегардем.

Дар охир, ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур якчанд нусха китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!” ва дастурамалҳои ҳизбӣ дастрас карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg