Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк №48”-и ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ дар мавзӯъи интизоми ҳизбӣ бо мақсади тақвият бахшидан ва риояи муқаррароти қонуну оқибатҳои ногувори қонуншиканӣ ҳангоми вазифаҳои хизматӣ баргузор гардид.
Дар баргузории хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Муродов Раҳмон иштирок карда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, иброз дошт, ки ҳар як узви ҳизбро лозим аст, ки дорои сифати неки инсонӣ, аз қабили поквиҷдонӣ садоқат ба кору меҳнат , риояи интизоми корӣ, муносибату муоширати нек ба мардумро дошта бошад.
Инчунин, мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки пешрафту рушди иқтисодиёт ва зиндагии мардум аз фаъолияти хуби бонкҳо низ вобастагии калон дорад. Агар бонкҳо алоқаро бо мардум беҳтар намуда, қарзҳои имтиёзнок ва саривақтиро пешниҳод намоянд, сокинон ҳам корҳояшонро дуруст ба роҳ мемонанду худи бонкҳо низ фаъолияти молиявии худро беҳтар мекунанд.