БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” муҳити зистро тозаву озода мегардонем!

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Кушониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  созандаи ҲХДТ  дар Соли  тақвияти  робита  бо  маҳал ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунам!” бо  сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён зимни баргузории вохӯрӣ  дар ташкилоти ибтидоии “Почта”-и ҷамоати шаҳраки И.Сомонии ноҳия  хониши сиёсӣ  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор намуданд.

 Ҳамзамон, зимни сухбату вохӯрӣ кормандон доир ба хадафу мақсад ва аҳамияти Соли тақвияти робита бо маҳал, самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти хизб, моҳияти Ваҳдати миллӣ,  пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳонӣ муосир,  тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ,  истифода аз захираҳои бойи маънавии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg