БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ҳизбиёну вакилони халқи Ёвон таассуроти нек бахшид

ЁВОН. Санаи 20-уми июли соли равон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар доираи ин тасмим, мавсуф нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони ҳунарманди ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дидан намуда, дар рафти баргузории чорабинии мазкур суханронӣ намуданд.

Сипас, бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва фаъолони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ муҳтарам Абдулло Раҳмонзода қайд намуданд, ки баргузории вохӯрии имрӯзаи ҳизбиён дар рӯзҳое баргузор гардида истодааст, ки мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик ҳунарҳои қадимаи худро дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тақвият бахшида, бори дигар анъана ва суннатҳои деринаи худро эҳё намуда истодаанд.

Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсафи ҷомеа дар амалӣ сохтани ҳадафу ормонҳои миллати тоҷик саҳми намоён дошта, тули фаъолияти хеш зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» дар майдони сиёсат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати худро ҳамчун ҳизби мардумӣ сарбаландона собит намуд ва имрӯз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди расидан ба ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мақсуд Раҳматуллоев аз номи кулли аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон роҳбариятро бовар кунонид, ки он маслиҳат ва дастурҳои созандае, ки дар ин мулоқот зикр намуданд, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар фаъолияти кории ҳаррӯзаи хеш сармашқи худ қарор дода, баҳри тадбиқи онҳо донишу малака, таҷрибаи андухта ва маҳорати касбии хешро сафарбар менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg