БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ташаббусҳои неки Пешвои миллатро ҷонибдоранд

ВОСЕЪ. Бо мақсади тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ, ҷудо кардани онҳо аз хурофот дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ  дар деҳаи Гулдараи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳия бо мақсади иҷрои бандҳои ҷадвали тасдиқшудаи баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созанда ва ҳунарҳои миллии меросияш мешиносанд. Ин суханони Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар моҳияту аҳамияти бузурги  густариши ҳунарҳои мардумиро дар пешрафту тараққиёти  кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа равшан сохт.

Дар охир сокинон изҳор доштанд, ки тамоми ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати амалишавии дастурҳои Сарвари давлат ҳамеша омодаем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg