БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯриҳо дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фаровон-Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва кормандони масъули ин кумита Раҷабализода Парвиз ва Асадуллозода Саймуҳамад ширкат варзиданд.

Нахуст Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада,  оид ба моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ кард.

Дигар масъулин қайд намуданд, ки мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳонҳои сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти сарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҳдати комили миллӣ расидем. Дар ин замина яке аз иқдоми муҳимми роҳбарияти олии кишвар, ки ба рушди давлат ва мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву иҷтимоии он мусоидат намуд, ин аввалин маротиба дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”-ро қабул кардан буд, ки ин барои мардуми кишвари мо пурарзиш мебошад. Ин қонун дар баргирандаи марому мақсад, арзишҳои ахлоқиву динӣ ва таърихиву фарҳангии мардуми Тоҷикистон буда, бақои давлату миллати мо ва солими маънавиёти мардуми мо, махсусан ҷавононро таъмин кардааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg