ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба дарки ҷомеа расонидани амалҳои муғризонаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи баланди ватансозӣ, сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву ободонӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки ба беҳбудӣ ва зиндагии босаодати мардум нигаронида шудааст, андешаронӣ намуд.