ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Ленинободи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳия бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аҳолӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира доир гардид.
Нахуст Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар чорабинии номбурда ҳунармандҳони деҳа маҳсули дастранҷи хешро ба намоиш гузоштанд, ки аз ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, иштирокдорон, алалхусус ҷавонон дидан намуда, бо касбу ҳунарҳое, ки аз ниёгон ба мо мерос мондаанд, аз наздик шинос шуданд.