БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон биҳишти руйи замин ва макони ҳунарҳои қадима дар ҷаҳон!

ҲАМАДОНӢ. Бо истиқоматкунандагони деҳаҳои Пахтакор ва Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли 2018 рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Фирӯз Пиров бошад, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳавлии Саидов Султонхуҷа намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони деҳаҳои Пахтакор ва Гулистон ташкил карда шуд, ки иштирокдорон аз он дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg