БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Риояи дурусти қонунҳои миллӣ моро аз хурофоту бегонапарастӣ ва ифротгарои эмин нигоҳ медорад!

ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Корпоратсияи Зиёратшоҳ» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Корпоратсияи Зиёратшоҳ» Давлатов Ҳабибулло кушода, сипас, суханро ба муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар дод.

Номбурда, зимни баромади хеш атрофи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористию ифротгаро ба амнияти Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардум, риояи талаботи Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ҷиҳати ба сарфакорию сариштакорӣ рӯ овардани мардум ва дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо таъкид намуда, буданд суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер дар назди ҳозирин баромад намуда, атрофи муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухтасар андешаронӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg