БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф сарчашмаи маърифат ва соҳаи афзалиятноки сиёсати давлат аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо  вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки мудири   шуъбаи   таблиғот, иттилоот  ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Боронов  Сабзаалӣ ва мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Раҷабов Ҷаҳонгир  дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” доир гардид.

 Дар рафти мулоқот Боронов  Сабзаалӣ дар  мавзӯъи   ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар самти риояи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» андешарони кард.

Доир ба суханронии Боронов  Сабзаалӣ кормандони   Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия Давлатов Убайд ва Қандов Маҳмадқул     вобаста ба хониши сиёсӣ андешаҳои худро озодона баён карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъулин иштирокдоронро даъват  намуданд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ маълумотҳои аз хониши сиёсӣ  бардоштаи худро  дар байни аҳолӣ  ташвиқу тарғиб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg