ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳия дар маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Панҷ намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳаллаи мазкур гузаронида шуд.
Мақсади баргузории чунин чорабиниҳо дарёфти соҳибони ҷоизаи «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони панҷӣ», “Маликаи панҷӣ”, «Тарроҳи Панҷ», «Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал» буда, дар он ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат меварзанд.
Сокинони маҳалла дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҳама гуна намудҳои дастранҷи корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои аҷдодон, ки ба мо мерос мондаанд, пешкаши иштирокдорон намуданд. Намоишгоҳ дар кӯчаи марказии маҳаллаи Лоҳутӣ баргузор шуда, дар он намунаи гулдӯзӣ, қӯроқдӯзӣ, зардӯзӣ, муҳракашӣ, ҷӯроббофӣ, кокулбофӣ, попурзанӣ, болишту курпачаҳои попурӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, маҳсулотҳои нонию қаннодӣ, хӯрокҳои миллӣ, ширию хамирӣ, ки ба талаботҳои озмун ҷавобгӯ буданд, гузошта шуда буданд.
Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Файзиев Каримҷон, муовини раиси ноҳияи Панҷ Шарифзода Марям, ва дигар шахсони масъул баъд аз боздиди гӯшаҳои ҳунарҳои мардумии маҳалла беҳтаринҳоро муайян карданд.
Баъд аз баромади масъулони чорабинӣ ба ҳунармандони беҳтарин Ифтихорннома ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия супорида шуда, дар ин радиф ба нафароне, ки тоз ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.