БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот бо мақсади пешгирии сокинон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Н. Сафарови ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо сокинон тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ҷамоати шаҳраки Муъминобод

С.Мирзошарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои дастии сокинон, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки намояндагон аз ин намоишгоҳи  ҳунарҳои мардумӣ  аз наздик шинос шуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg