ЛЕВАКАНТ. Дар дењаи Эшонободи љамоати дењоти Гулистони шањри Левакант зани собиќадори мењнат, пири рўзгордидаи 107-сола Ёќубова Басбї, ки солиёни дароз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият кардааст, айни замон дар иҳотаи фарзандон, набераву аберагонаш даврони пирӣ меронад.
Кормандони Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Левакант ба аёдати ин зани солор омада, аз њолу ањволи он бохабар шуданд ва бо ӯ суҳбати самимона анҷом доданд.
Пас аз дидорбинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант барои хизматҳои арзандаи модари тоҷик ӯро бо туњфаҳои хотирмон ќадрдонї карданд.
Дар охир зани барнодил момои Басбӣ ба онҳо дуои неки модарона дода, иброз намуд, ки Тољикистони азизи мо доимо шукуфон бошаду сояи Сарвари бузурги давлати мо Эмомалї Рањмон болои сари миллати тољик љовидон бимонад.