БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷалби бештари сокинон ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

КУШОНИЁН.  Бо иштироки  кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён бо иштироки сокинони деҳаҳои Қовунтеппа ва Шамсиддин Шоҳин мулоқот баргузор гардид.

Зимнан масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафарбар кардани мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо  дар мавриди хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва огоҳӣ аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза бо онҳо, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ташаккули фарҳанги техникӣ ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи  нодурусти онҳо, фаъол гардонидани шаҳрвандон  ва ҷалби  бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ, ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл андешаронӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg