КӮЛОБ. Барои таҳким бахшии корҳои тарғиботӣ ҷиҳати огоҳинадани сокинон аз хуруҷёбии ВНМО/АНМО дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар мавзӯъи “Солимии миллат асоси рушди давлат мебошад” хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи сироятӣ” Шокиров Абдукарим иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки афзудани бемории ВНМО/АНМО тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Бемории мазкур бевосита ба генафонди дилхоҳ миллат таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин миён вобаста ба огоҳнидани сокинон аз бемориҳои гуногуни сирояӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад, ки мо кормадони масъули ҳизбӣ мунтазам бо табақаҳои гуногуни ҷомеа нишасту вохӯриҳо доир менамоем. Дар баробари ин бояд кормандони дигар сохторҳои марбута, хусусан кормандони соҳаи тибб оид ин масоил бетараф набуда, дар ин росто пайваста бо мардум корҳои тарғиботию ташвиқотиро бештар карда, барои паст кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ саҳми худро гузоранд.
Шокиров Абдукарим дар баромади худ гуфт, ки ВНМО шакли мухтасари ибораи «бемории пайдошудаи норасоии масуният» мебошад, ки сироятёбии зиёди одамон ба ин бемори ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст.