БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон бо фарҳанги миллии худ сипари боэътимоди Ватан ҳастанд!

ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тибқи нақша- чорабиниҳо вохӯриҳоро бо сокинони деҳои ноҳия дар самти ба мардум расонидани ҳадафу ғаразҳои нопоки гуруҳҳои ифроти, ки барои миллати мо зиёноваранд баргузор намуда истодааст.

Ин навбат бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар шароити гуногунрангию пуртаззоди муносибатҳо ва сиёсати ноустувори иқтисодии ҷаҳонӣ ҳар як кишвар дар сурате метавонад вобаста ба ташкили иқтисодиёти худ истодагарӣ намояд, ки агар заминаҳо ё таҳкурсии устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ дошта бошад. Зимнан, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 аз ҷумлаи ҳамин гуна заминаҳост ва воситаи расидан ба иқтисодиёти устувор мебошад, қайд кард дар баромади худ Раҷабова Шаҳноза.

Баъдан мавсуф  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, Барнома ва Оинномаи он маълумоти муфассал дода, иштирокдоронро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg