БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бузургтарин сармояи инсон касбу ҳунар аст

ВАХШ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории во­­хӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, таш­к­илот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Вахш д­ар­ нимсолаи дуюми соли ҷорӣ д­ар маҳаллаи Инқилоби ҷамоати деҳоти

То­ҷикободи ноҳ­ияи Вахш  бо иштироки кормандони масъли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолият­и ҲХДТ  баргузор гардид.

Қайд гардид, ки либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги­ миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз­ аждодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинам­ию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнуди­ст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Сарвари мамл­акат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи­ ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ,­ рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мард­ум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин ­намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

Мо, тоҷикон мардуми сарфарозем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, ягона, ҳуқуқбунёд, забон, урфу одат ва л­ибоси ба худ хос дорем.  Пас, шукронаи ин ҳ­ама неъматҳои беназирро кард, ки бо ҷонбозиву шабзиндадориҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст­ омаданд. Месазад, қайд намоем, ки ин мероси арзишмандро  чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон ба меърос гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg