БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ вазифаи ҷонии кишоварзон аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати таъмини иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии ба номи «Ғаллабой»-и ноҳия доир гардид.

Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ баромад намуд.

Сипас, сардухтури беморхонаи Марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Бузмаков Шералӣ вобаста ба мавзӯъҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg