БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар ганҷинаи бебаҳост, ки инсонро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад!

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳои ноҳия чорабиниҳои рангину ҷолибро баргузор намуда истодааст.

Бо ин мақсад бо иштироки сокинони маҳаллаи Тимашенко ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок намуда, аз намоиши ҳунармандони деҳа дидан кард.

Дар ин ҳамоиш қайд гардид, ки иқдоми бузургу беназири Пешвои миллат, яъне эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие бахшид барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти сокинони кишвар.  

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg