
АНДЕША. ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои ташкилёбӣ то қатъи фаъолият якчанд маротиба сабаби бесару сомон гардидани кишвар шуда, зарарҳои ҷиддӣ ба ин давлату миллат расонидааст. Ҷанги шаҳрвандии соли 1992-ро ҳеҷ кас аз ёд набаровардааст, маҳз сабабгори ин ҷанги хонумонсӯз ҳамин “ҳизби наҳзат” буд, ки баъдан бо мурури замон ба мо маълум гардид ки ин ҷанг аз ҷониби саркардагони ин ҳизби фошшуда бо кӯмак ва тавсияи хоҷагони хориҷиашон сурат гирифтааст. Наҳзатиён бо ёфтани падарони нав дар симои хоҷагони хориҷиашон собит сохтанд, ки ҳаромзодаанд. Чаласае, ки чанде пеш дар шаҳри Дортмунди Германия барпо карданд, ниятҳои касифи ин ҳаромзодаҳоро бори дигар ифшо сохт.
Ин бешарму ҳаёҳо бо ин ки дар чандин ҷиноятҳои хурду бузург даст доштанд, имрӯз даъвои ватандорӣ мекунанд ва аз падару пияндарҳои хориҷиашон дар ин роҳ кӯмак мехоҳанд. Ташкил намудани ҳар гуна равияҳо, сохтани масҷидҳои ғайриқонунӣ, таъсис додани мактабҳои ғайриқонунии динӣ, зарба задан ба тафаккури миллат ва дигаргун кардани идеологияи миллат бо тариқи гузаронидани маҷлисҳои пинҳонӣ ва амсоли инҳо аз амалҳои зишту нияти нопоки наҳзатиҳои лаънатӣ гувоҳӣ доданд.
Имрӯз симои разилонаи ТТЭ ҲНИ ошкор гардида, ҷаҳониён ба даст доштани ин ҳизб ба терроризм эътироф доранд. Агарчӣ далелҳо зиёд буданд ва гувоҳӣ медоданд, ки ин ҳизби мамнӯъшуда дар ҳақиқат як ҳизби террористӣ ва экстремистӣ аст, аммо онҳо худ инро рад менамуданд, ки ин сухан рӯи мо туҳмат аст. Бо гузашти вақт ошкор шуд, ки ин ҳизби мамнӯъшуда бо дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистии минтақа ҳамкории зич дошта ҷавононро ба кишварҳои ҷангзада сафарбар менамудааст ва чуноне дар боло зикр шуд, дар бисёре аз ҷиноятҳо даст доштаанд.
Эй нохалафоне, ки аз Худо сухан мегӯеду ба шайтон паноҳ бурдаед! Боре андешаи хоку оби Ватан-модари худро кардаед? То кай дар кишвари бегона паноҳ меҷӯед ва то кай паноҳдиҳандагони хориҷиатон ба шумо дар мулки бегона паноҳгоҳ медиҳанд. Шуморо садқаи хоки Ватан, шири модар ва ғамхориҳову хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунад. Боре инро андеша намудаед. Ё мисли нафарони бекас ва сагони дайду дар мулки ғарибӣ мурда мераваед?
Мо метавонем бо дилпурӣ бигӯем: миллати сарбаланди тоҷик Тоҷикистонро ба як давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳанд ва бар хилофи нақшаҳои ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони шайтонсираташон кору фаъолият менамоянд.
Файзов Каримҷон- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.