А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикистони сурх»-и ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳабибуллоев Аҳмадшо бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардида, дар он мавсуф атрофи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, сокинонро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи мазкур, ки ба некӯаҳволии мардум ва ободии Ватан нигаронида шудааст, раҳнамоӣ кард.
Дар охир иштирокдорони вохӯрӣ суханрониҳои масъулинро роҷеъ ба Аксияи номбурда якдилона дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик барои боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз саҳми босазои худро хоҳем гузошт.