БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ аз таърихи пурғановати миллат гувоҳӣ медиҳанд!

ҶайҲун. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозии шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов ва сокинони маҳаллаи болозикр доир гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзи ба намоиш гузошта шуда буд. Гузашта аз дар оғози чорабинӣ бонувони ҳунарманди деҳа чанд навъ хӯрокҳои миллӣ ва шириниҳои гуногуни дастранҷи хешро омода намуданд, ки коми ҳозиринро ширин гардонид.

Дар рафти чорабинӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал суханронӣ намуданд.

Занони ҳунарманди маҳаллаи номбурда, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд ваъда доданд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоти дастранҷи худ ва аҳли оилаашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар истеҳсол намуда, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg