ХОВАЛИНГ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои фаъолияти рузмараи кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Ховалин дар ташкилоти ибтидоии шуъбаи фарҳанги ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Сайҷалол Сатторов кушода, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ба таври мухтасар бо овардани далелу рақамҳо маълумот дод.
Аъзои ҲХДТ ва ҷонибдорони он ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баъди баромад аз рӯи беъзе самтҳои фаъолият, аз ҷумла терроризму экстремизм, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва ба фарҳанги мо бегона, истифодаи мақсаднок аз сомонаҳои интернетӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, риояи урфу одат ва фарҳанги миллӣ гуфтугӯи судманд карданд.
Аҳли нишаст барои гузаронидани чунин хониши сиёсӣ, ки хело манфиатбахш буд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.