БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Гадоӣ Сайдалиев ва Фирӯз Пиров  мувофиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия барои нимаи дуюми соли 2018 бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Кӯдакистони №2» вохӯрӣ гузарониданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯдакисстони №2» Г. Раҳмонова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», тарбияи хурдсолон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ андешаронӣ кард.

Баъдан  масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявиии ҳизб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дастранҷи мураббияҳо ва тарбиятгирандагони дабистон, ки ба намоиш гузошта шуда буданд,  тамошо карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд дода, барои боз ҳам сайқал додани касбу ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани  кӯдакону наврасон  тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg