БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ, корҳои тарғиботиро тақвият медиҳанд

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лангарӣ», ки ҳизбиёни маҳаллаи №7-и шаҳраки Фархорро мутаҳид мебошанд,  вохӯрӣ доир намуданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати рушд додани фаъолияти соҳибкорӣ ва тарғибу ташвиқи фаъолияти онҳо аз сехҳои мебелсозӣ ва дарвозасозии воқеъ дар маҳаллаи мазкур дидан намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Далер Раҳмонов оид ба  рушди фаъолияти соҳибкорӣ,  сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 андешаронӣ кард.

Боиси зикр аст, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаи сехҳои мазкур аз ҷумла, мизу курсӣ, ҷевон, рахти хоб, дарвозаю панҷараҳои оҳанин, печҳо ва дигар намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозори дохилӣ ва берун аз он талаботи харидорони зиёд доранд.  Дар сурати васеътар рушд намудани соҳҳаҳои мазкур барои кам намудани вобастагӣ ва рақобат намудан ба маҳсулоти хориҷӣ мусоидат мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg