ЛЕВАКАНТ. Ҳунарҳои суннатии миллӣ натанҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи худ дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр бо мардуми деҳаи Эшонобод чорабинии фарҳангиро баргузор намуданд.
Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакнт Ватанзода Сайҷафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ, огоҳонидани мардум аз хатари терроризму экстремизм, суханронӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур ҳамаи пиру барнои деҳа саҳми босазои худро гузоштанд. Духтарон бо нақшу нигори чакандӯзӣ, арӯс бо либоси миллӣ, қуроқдӯзӣ, мӯйбофӣ, занони рӯзгордидаи деҳа бошад бо пухтани хӯрокҳои миллӣ, шакароб, қурутоб, отала, далда, рубич, таҳмол, дуғкашӣ, қалама ва намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки аз гузаштагонамон ба мо ба мерос мондаанд ва бо рақсу сурудҳои дилпазирашон дар баргузории чорабинӣ ҳусни тозае бахшиданд.
Дар охир аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба фаъолони деҳа, ки саҳми худро дар чорабинии мазкур гузоштанд, бо Сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд.