ПАНҶ. Яке аз масъалаи муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон мавриди баррасӣ қарор доданд, таъмини амнияти озукаворӣ буда, қайд намуданд, ки бо роҳи ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар ин самт чораҷуи карда роҳҳои дурусти механизми корбари дар ин самт бояд амалӣ карда шавад.
Мавзўъи хониши сиёсӣ, ки бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Соҳибкорон-2»-и бозори ноҳиявӣ доир гардид, таъмини амнияти озуқаворӣ буда, бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид. Нахуст, Холов Диловар дар баромадаш таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти ба бозор воридашуда, назорати ҷамъиятиро вобаста ба сифати он ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, ҷомеаро лозим аст, ки бо дарки масъулиятшиноси нисбат ба истеҳсолкунандагону савдогарон ва истеъмокунандагон барои пешгири намудани таҳдиду хатарҳои муносибати хунукназарона нисбат ба маҳсулоти истеъмолшаванда, ки солимии ҳар як аъзои ҷомеа аз он вобаста аст, масъулияти баланд нишон диҳанд.
Баъдан, Ҳошимов Тоҳир оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо мақсади сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли тақвияти робита бо маҳал барои дарёфти ҷоизаҳои «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” бахшида ба Соли тақвияти робита бо маҳал озмун эълон гардидааст.
Ҳамчунин, масъулин доир ба хатарҳои терроризму экстремизм, истифодаи нодурусти технологияи муосир, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа суханронӣ намуда, зикр кард, ки мубориза бурдан бар зиддӣ ин амалҳои номатлуб ва пешгирии онҳо вазифаи ҳар як шахси ватандӯстӯ меҳанпарвар мебошад.