НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Далдахӯрони сурхи ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри норак Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс чорабинии фарҳавнгӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.
Зимни вохӯри Ғафурзода Фирдавс оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, сипас Савзалӣ Зоиров қайд кард, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситон ҳамчун роҳнамост. Аз ин рӯ, моро месазад баҳри иҷрои ин супоришҳо кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар гардонем.
Занону бонувони ҳунарманди деҳаи Далдахӯрон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушнуду сарфароз буда бо як ҳавасмандии зиёд ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.