БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Марҳилаи нави ватансозӣ аз ҳар кадоми мо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷаъмӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати софдилона, масъулияти баланд ва ташаббускориро тоқазо менамояд

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи   ҷадвали   тасдиқшуда дар  маҳаллаи  Рӯзиободи ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи ноҳияи  Носири  Хусрав бо иштироки  васеъи  аъзо ва  ҷонибдорон  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон   бо  мақсади  сафарбар  намудани  аҳолӣ  ва  саҳмгузорӣ дар  рушди  сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ мулоқот  баргузор  гардид.

Сокинони   маҳалла  вобаста  дар самти тараққӣ  додани  соҳаи  сайёҳӣ, муаррифии  шоистаи  имкониятҳои   сайёҳии  мамлакат  ва  фарҳанги  миллӣ  дар  арсаи  байналмилалӣ,   намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ намоишгоҳи маҳсулоти  кишоварзиро  ташкил ва баргузор намуданд.   

Чорабиниро   раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё  ифтитоҳ  намуда, қайд  кард, ки  бо  мақсади дар  амал  татбиқ  намудани дастуру супоришҳои  дар  Паёми Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон зикргардида ҳар  кадоми  мо бояд дорои сабру  таҳаммул, иродаи  мустаҳкам, бо иттиҳоду  сарҷаъмӣ буда, саъю  талош, заҳмати  софдилона, масъулияти  баланд ва  ташаббускории худро нишон дода амал намоем.

Бахшида  ба  Соли  рушди  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ,     амалӣ  намудани  озмунҳои   ҳизбӣ   ва  баргузории  Аксияи  тарғибюотӣ-амалии ҳизбии  таҳти унвони «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ  аз  ҷониби  масъулин  ташкил карда шуд.

Дар охир ба саволу  дархостҳои  ҷамъомадагон масъулин ҷавобҳои  мушаххас  гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg