МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Хирготароши ҷамоати деҳоти Чилдухтарон тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони деҳаи Хирготарош бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва аъзои фаъоли ҲХДТ С.Мирзошарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъи ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи мазкур намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа, аз ӯабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои ҳунармандон дидан карданд.