БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-муаррифгари санъати волою ҳунарҳои мардумӣ

ҚУБОДИЁН.  Дар деҳаи Ҳаваскори ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок карда оид ба  масъалаҳои вобаста ба самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар як фарди ҷомеаро мебояд дар ҳар гушаи диёрамон ба корҳои созандаги машғул гардида дар ободии он саҳмгузор бошад.

Дар рафти баргузории чорабинӣ намоиши  ҳунарҳои мадумии сокинони деҳаи номбурда, аз қабили қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гилему намадбофӣ ва маҳсулоти тару тозаи  соҳаи кишоварзӣ ва консервакунонидашуда  ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg