БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ талош меварзанд

ДӮСТӢ. Бо мақсади фаъол гардонидани сокинон ва ҷалби бештари онҳо ба хоҷагидорию кишоварзӣ дар ташкилоти ибтидоии  ба номи «Эшбек Сатторов» соати сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти соати сиёсӣ хоҷагидорон маҳсулоти кишоварзии аз замини  худ ба даст овардаро ба  намоиш гузошта, иброз доштанд, ки ҷойи кори мо замин  буда, манбаи даромади оилаи ҳҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Бобоев Ҷамолиддин қайд кард, ки аксарияти мо кӯшиш ба харҷ медиҳем то роҳҳои баланд бардоштани самаранокии ҳосилро дарёфт карда, маҳсулоти ҷавобгӯи стандарти ҷаҳониро истеҳсол ва ба мардум дастрас созем то ин, ки аз иҷрои яке аз ҳадафи стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ  ба пуррагӣ бароем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg