
ДАНҒАРА. Созандагиву бунёдкорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, иттилоотнокии аҳолӣ дар доираи мафкураи зиддикоррупсионӣ, роҳвндозии механизмҳои кори барои расидан ба зиндагии шоистатар барои мардуми кишвар мавзӯъҳои таваҷҷуҳпазир ва рӯзмарра ба ҳисоб меравад.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Калкот”-и деҳаи Калкоти ҷамоати деҳоти Себистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хониши баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок ва суханрони намуд.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад атрофи мавзӯъҳои дар боло зикргардида суханронӣ намуда, аҳолиро ба меҳнати содиқона ҷиҳати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба даст овардани моликияти иқтисодӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ба ҳамин восита аз байн бурдани сатҳи бекорӣ дар маҳал даъват карда, ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи маҳаллӣ барои некӯаҳволии мардум бо иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои муфид дод.