БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён душманони дини мубини Ислом ва фарҳанги миллӣ мебошанд!

ВОСЕЪ. Худшиносиву худогоҳии миллӣ барои шахсиятҳои бофарҳангу бомаърифати ҳар як қавму миллат беҳтарин хислат ва муҳимтарин машғулият ба ҳисоб меравад. Вақте, ки шахс худро мешиносад, ӯ на танҳо ба қадри меъроси пурарзиши ниёгон, анъанаву суннатҳои халқи худ ва дигар арзишҳои фарҳангии миллати хеш мерасад, балки ӯ бад-ин васила тамоми сарватҳои маънавии аҳли башариятро ҳам арҷгузорӣ ва онҳоро ҳифз менамояд.Вобаста ба ин дар деҳаи Ҳулбуки ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ намоиши ҳунарҳои мардумии сокинон баргузор гардид.

Сараввал муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуда, қайд кард, ки пос доштани анъанаҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нигоҳ доштани суннатҳои неки аҷдодӣ қарзи имониву виҷдонии ҳамаи тоҷикистониён аст. Бинобар  ин ҳамаи моро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатамонро дастгирӣ намуда, доимо дар пайи ривоҷу равнақи кишвари азизу маҳбубамон бошем ва онро бо ҳунару фарҳанг ва суннатҳои миллии хеш дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кунем.

Ҳамчунин масъулин ба самъи иштирокдорон аз амалҳои муғризонаву кур-куронаи хоинонаи гуруҳҳои ифроти хусусан ҲНИ маълумот дода аз сокинони маҳал баҳри мубориза бурдан бо ин хоинони дину мазҳаб даъват бар амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg