ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи андоз» баргузор гардид.
Зимни андешаронӣ Маҳмадсаид Раҷабзода дар хониши сиёсӣ вобаста ба ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андоз» ва нақшаю чорабиниҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иштирокдорон расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷамъомад Раҷабзода Маҳмадсаид ҳозиринро даъват намуд, ки ҳамчун азои фаъоли ҲХДТ ва татбиқгари сиёсати давлат маълумотҳои аз хониши сиёсӣ бардоштаро дар байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб намоянд ва ҳамкориро бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба таври хуб ба роҳ монанд.
Дар охир мавсуф иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии номбурда, ки баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон ва зиндагии босаодати мардум равона карда шудааст, ба корҳои созандагиву ободонӣ, анҷоми корҳои хайру сахо, кӯмак расонидан ба шахсонип ниёзманди ҷомеа раҳнамоӣ кард.