БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёшавии ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

КӮЛОБ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018- 2028” ,  бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди саёйҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар рафти ин занону бонувони ҳунарманд маҳсули заҳмати хеш ва дастоварду ҳунарҳои милливу мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Намоишгоҳи ташкилкардаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Валиева Саъбагул ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.

Ҳамзамон, Валиева Саъбагул вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат ороста, қайд кард, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудаанд, воқеан мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб онро ба хушнудӣ пазируфтанд.

Имқдоми мазкур имкон медиҳад, ки мо ҳунарҳои қадимаи худро аз нав эҳё карда, дар замири наврасону ҷавонон ҳисси зебоипарастиро бедор сохта ва онҳоро бо расму оин ва фарҳанги қадимаи миллати худ шинос намоем.

Дар ин миён сокинон низ баромад намуда, изҳор карданд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми хешро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg