ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Чкалови ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия дар мавзӯъҳои нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ, самтҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Фирӯза Абдураҳимова ба иштирокчиён сиёсати некбинонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ин самт ба таваҷҷуҳи иштирокдорон расонид.
Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуд, ки онҳо бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ беҳбудӣ бахшанд.
Инчунин, ба иштирокчиён фахмонида дода шуд, ки барои тарбия намудани насли наварас дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар ба фарзандони худ шароит фароҳам оварданд.