БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳимоятгари миллати тоҷик ба созандагиву бунёдкорӣ

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии “Иттиҳод”-и Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум вобаста ба фазои сиёсиву дохилӣ ва хориҷии кишвар, раванди бархурди манфиатҳо, саҳми ҳар як табақаи ҷомеа дар ободиву пешрафти Ватани азизамон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Шуъбаи омор, Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия иштирок намуда, аз соати сиёсӣ ва маърузаи пурмуҳтавои кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳравар гардиданд.

Баъд аз баргузории соати сиёсӣ 3 нафар кормандони ташкилоти мазкур, ки тоза ба сафи ҲХДТ шомил  гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбии онҳо дар ҳузури иштирокчиён дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg