ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии ҷамоати деҳоти Себистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар чорабинии фарҳангӣ даври аввали озмунҳо “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, “Армуғони хатлонӣ”, “Маликаи Хатлон”, “Тарроҳи Хатлон”, “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” бахшида ба Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардида, ғолибон барои роҳхат гирифтан ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод гардиданд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад иштирок карда, зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо имконияти хубест барои муаррифӣ ва муваффақиятҳои ҳар як соҳибистеъдод ва иштироки ҳар як фард барои саҳмгузорӣ дар рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон мебошад.