НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷори дар деҳаи Гули сурхи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Савзалӣ Зоиров ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ғафурзода Фирдавс чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ занону бонувони ҳунарманд ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда, қайд карданд, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситони нигаронида шудааст.
Аз ин рӯ, моро мебояд, ки баҳри иҷрои саривақтии супопришҳои Пешвои миллат кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар созем.
Занону бонувони ҳунарманди деҳаи Гули сурх аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушнуду сарфароз буданд ва бо ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд.