БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон масъули саломатии аҳли ҷомеа мебошанд

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Восеъ дар нимсолаи дуюми соли равон  дар Маркази саломатии ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва пешгирӣ аз бемории сирояткунандаи ВНМО/БПНМ доир гардид.

Иштирокдорон паҳлӯҳои муҳими пешгирии бемориҳои сироятиро мавриди муҳокима қарор дода,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза таъкид кард, ки ба хотири бечунучаро риоя кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният”, кам кардани одамон ба мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони гирифтори ВНМО/БПНМ изҳори назар кард.

Дар ин росто барои ҷавонон лозим аст, ки нисбати ояндаи неки хеш бетараф набошанд ва аз ҳамаи усулҳои пешгирии чунин бемориҳо самаранок истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg