
ВАХШ. Бо мақсади иҷрои талаботу нишондиҳандаҳои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ бо кормандони корхонаи дӯзандагии навтаъсис воқеъ дар маҳаллаи "Заргар"- и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Нуралиева Мадина хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Нуралиева Мадина зимни баромади хеш иброз дошт, ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва афсонавӣ буда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи тараққиёт ва пешрафти кишвар буда, аз манфиат холӣ нест. Аз ҷумла, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон аз мақсадҳои соли ҷори мебошанд.