БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳангчиён масъули рушди маънавиёти ҷомеа мебошанд

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанги шаҳр» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида  ширкат варзид. Мавсуф оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон суханронӣ намуд.

масъулин қайд намуданд, ки мақсади мо низ аз барпо кардани чунин вохӯриҳо дар он аст, ки либоси миллии худро пос дорем, ба он арҷ гузорем ва ифтихор кунем, ки дар чунин Ватани биҳиштосо кору фаъолият менамоем. Ин  иқдоми неку ватандӯстонаи  Сарвари давлатамон, яъне эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири пос доштани фарҳанги миллӣ,  ҳунари дастии  мардум ва урфу одати аҷдодонамон мебошад ва моро дар ин самт масъулу вазифадор менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg