БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар - шарики боэътимоди ҳунарманд

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Саъдии Шерозӣ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар ростои тақвияти робита бо маҳал бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ва сокинони маҳалла доир гардид.

Ҷумагул Шомаҳмадова дар оғози чорабинӣ ба дӯстдорони ҳунарҳои мардумӣ як ҷаҳон таҳсину офарин хонд. Чунки дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии хоси мардуми тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки воқеан ҳам ҷолиби диққати ҳозирин гардид.  Гузашта аз ин бонувони ҳунарманди деҳа чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуда буданд, ки тавонист боз ҳам чорабиниро гармтар созад.

Дар рафти чорабинӣ масъулин вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва нақши он муфассал суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ ҳунармандони маҳаллаи Саъдӣ Шерозӣ, ки ба дeхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғул буданд ваъда доданд, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоти дастранҷи хешро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар истеҳсол намуда, бо ин роҳ саҳмдори рушди ҳунарҳои мардумӣ гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg